Мусобиқаи иншонависӣ таҳти унвони: «Нақши занони Тоҷикистон дар рушди илм»
13 майи соли 2022, дар Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба паҳн нагардидани силоҳи қатли ом ва назорати содирот барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, аз ҷониби бахши миллии WiN Tajikistan озмуни иншои таҳти унвони «Саҳми занони Тоҷикистон дар рушди илмҳои табиӣ» баргузор гардид.
Ҳадафи асосии чорабинӣ – баланд бардоштани фаъолият ва иштироки духтарони донишҷӯ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва ҷалби онҳо ба илмҳои бунёдӣ ва амалӣ мебошад.
Дар сухани ифтитоҳии худ директори Агентии амнияти ХБРЯ назди АМИТ Илҳом Мирсаидзода доир ба таҷрибаи худ дар соҳаи илм, мушкилоти пешорӯи олимон ва имкониятҳои ҷавонони оянда, ки мехоҳанд бо илм машғул шаванд, сухан ронд.
Раиси бахши миллии WiN Tajikistan – Сафииева Зарина оид ба таърихи таъсис, фаъолият ва нақшаҳои WIN Tajikistan маълумот дод.
Зарина Шоимардон – намояндаи САҲА аҳамияти ҷалби ҷавононро ба илм таъкид намуд.
Дар озмун донишҷӯдухтарони соли якуми Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи акад. М. Осими, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзиданд.
Раванди озмунро дотсенти ДТТ ба номи акад. М.С. Осими, кимиёшинос, иштирокчии WIN Tajikistan – Ғайбуллоева Зумрат идора намуд.
Озмун аз 2 марҳила иборат буд. Дар марҳилаи аввал 20 кори хаттӣ пешниҳод шуда, 10 кори беҳтарин интихоб гардиданд. Дар марҳилаи дуюм кори беҳтарин ба шакли презентатсия пешниҳод шуданд ва аъзои ҳайати ҳакамон 3 ғолибро муайян намуданд.
Ҳамаи иштирокчиёни озмун, аз ҷумла касоне ки ҷой нагирифтанд, тӯҳфаҳои хотиравӣ гирифтанд.
Бо қарори директори Агентии амнияти ХБРЯ се нафар иштирокчиён барои иштирок дар Конфронси III байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши занони олим дар рушди илм, инноватсия ва технология» (17-19 августи соли 2022 дар маркази таълимии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд) даъват шуданд.
Д.и.т. Умарова Татяна Мухсиновна (МГУ ба номи М.В. Ломоносов) ташкилкунандагон ва донишҷӯёнро барои иштирок ва сатҳи баланди озмун сипосгузорӣ намуд.
Намояндаи МАГАТЭ – Юлия Выставна дар бораи таҷрибаи худ ва нақши илм дар расидан ба ҳадафҳои шахсиашон маълумот дод.
Муовини раиси бахши миллии WiN Tajikistan – Қаюмова Дилором, ҳамчун ташкилкунандаи озмун, ба иштирокчиён, ҳакамон, роҳбарияти Агентӣ ва шарикон изҳори сипос намуд. Ӯ махсусан ба Азизов Олимҷон барои дастгирии техникии доимӣ ташаккур гуфт.
Дар доираи озмун, намоиши расмҳои кӯдакон таҳти мавзӯъҳои «Амнияти муҳити зист» ва «Модар ва касби ӯ» низ баргузор гардид. Кӯдакони синнашон аз 4 то 14 сол ширкат варзиданд ва ҳамаи онҳо ҷоиза ва шаҳодатномаҳо гирифтанд.
Озмун бо дастгирии молиявии Дафтари барномавии САҲА дар ш. Душанбе дар доираи лоиҳаи «Ҷалби ҷонибҳои манфиатдор ба барқарорсозии мероси ураниюм дар ОМ» (марҳилаи II) баргузор гардид.